Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Чин хонум Эми Лин вохӯрӣ доир намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди амалигардонии лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе»-ро, ки аз ҷониби ширкати «Хуавей технолоҷӣ» омода шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки қисматҳои зиёди лоиҳаи мазкур амалӣ шуда, корҳо дар ин самт идома доранд. Аммо дар баробари ин, баъзе камбудиҳои ҷойдоштаро низ бояд бартараф сохт. Аз ҷумла, омода намудан ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи мазкур, бартараф намудани баъзе нуқсонҳои техникӣ аз мавзӯҳои асосӣ ба ҳисоб рафтанд.
Ноиби президенти ширкати «Хуавей технолоҷӣ» хонум Эми Лин зимни суханрониаш иброз дошт, ки ширкати онҳо омода аст, то камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт баратараф намоянд ва барои дар сатҳи баланд татбиқ намудани лоиҳаи мазкур тамоми кӯшиши худро равона созанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста