Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сафари кориаш дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизматбарӣ аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия (ДТММ)-и шаҳри Кӯлоб дидан намуд.
Бояд ёдовар гардид, ки Дастаи таъиноти махсуси милитсияи шаҳри Кӯлоб муддати ду сол аст, ки фаъолият намуда, дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми назаррас мегузорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, вазири корҳои дохилӣ баъди шиносоӣ, аз рафти фаъолият ва шароити хизматрасонии кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия изҳори қаноатмандӣ намуда, тӯҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки молиявӣ ва ду адад воситаи нақлиётро ба ҳайати шахсии он тақдим намуд.
Гуфта мешавад, сафари вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ба дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Кулоб идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста