Ҳавопаймои Боинг 737-300-и ширкати «Сомон Эйр» соати 04-00-и субҳ (24-00-и вақти Маскав) дар майдони ҳавоии Емеляновои шаҳри Красноярск фуруд омада, ғайриинтизор қафо меравад ва дар натиҷа яке аз дастгоҳҳояш осеб дидааст, ки бар асари он бозгашти ҳавопаймо ба Душанбе мутаваққиф шудааст.
Яке аз кормандони прокуратураи нақлиёти ин минтақа ба РИА Новости хабар додааст, ки мусофирони хатсайри ҳавоии Краснояркс – Душанбе бинобар сабаби носоз будани таҷҳизоти ҳавопаймо аз Фурудгоҳи байнулмилалии Емелянов парвоз карда наметавонанд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон мусофирон ва ҳайати сарнишинони ҳавопаймо дар фурудгоҳ қарор дошта, аз Душанбе ҳавопаймои эҳтиётӣ сафарбар шудааст, ки қисмҳои эҳтиётии заруриро оварда, сипас ҳавопаймо раҳсипор мешавад.
Бино ба маълумоти NGS24.ru аз рӯйи ин далел прокуратураи нақлиёти Енисей масъалаи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бехатарии парвозҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста