Прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар мавриди ҳодисаи рӯзи душанбе рухдода дар бинои Раёсати КДАМ дар ВМКБ изҳор намуд, ки Прокуратураи генералӣ ин қазияро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Дар робита ба оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ оид ба далели иштироки ӯ дар ин ҳодиса, прокурори генералӣ қайд кард, ки ин шахс дар як қатор парвандаҳои ҷиноӣ ҳузур дорад, ки онҳо оғоз шудаву тафтишот аз рӯйи онҳо идома дорад. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин масъала прокурори генералӣ худдорӣ варзид.
Рӯзи душанбе дар шаҳри Хоруғ Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди мухолифин дар Бадахшон ва полковники мустаъфии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ боздошт шуд.
Дар изҳороти Раёсати КДАМ Тоҷикистон дар ВМКБ , ки дар сомонаи «Ховар» нашр шуд, дар ин робита зикр мегардад, ки 15-уми декабри соли ҷорӣ, соати 14-00, дар маҳаллаи «Бархоруғ» шаҳрванд Муҳаммадбоқиров Муҳаммадбоқир бо чанд нафар гурӯҳи авбошон, бе иҷозати расмӣ ба объекти муҳими давлатӣ – шуъбаи дар шаҳри Хоруғ будаи Раёсати КДАМ ворид гашта, ба яке аз кормандони ин сохтор ҳуҷум кард ва бо истифода аз дастаи таппонча ӯро захмӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар Тоҷикистон дар ВМКБ дар мавриди ин қазия иттилоъ дода буд, ки дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ баъди ҳодисаи рухдода, ки яке аз шахсони бонуфузи маҳаллӣ боздошт ва сипас раҳо гардид, шаб оромона сипарӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста