Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд нисбати комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов барои лату кӯби Абдуҷаббор Рустамов, падари яке аз даъватшавандагон парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Дилшод Ҷӯраев, адвокати ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда мутобиқи моддаи 391-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) оғоз гардидааст. «Комиссари ҳарбӣ Хуршед Қобилов аз ҷабрдида узр пурсида, маблағи табобати ӯ дар бемористонро ҷуброн кард», - гуфт ӯ.
Ба қавли адвокат, комиссари ҳарбӣ ба ӯ занг зада, хабар медиҳад, ки писараш гурехтаасту аз макони будубоши фарзандаш ӯ огоҳ аст, вале ба онҳо намегӯяд. «Сипас падари даъватшаванда мавриди лату кӯби комиссари ҳарбӣ қарор гирифта, беҳуш мешавад ва кормандони комиссариат бо таҳдид ӯро огоҳ мекунанд, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе ҳарф назанад, вале дар бемористон ҷабрдида маҷбур мешавад, ки ба наздиконаш дар бораи қазияи рухдода ҳикоят кунад», - иброз дошт адвокат.
Номбурда ҳамчунин гуфт, сипас наздикони ҷабрдида ба ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» муроҷиат кардаанд. «Бори нахуст дар ҷумҳурии мо Вазорати мудофиа далели мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, онро тасдиқ кард. Умедворам, ки баъди ин ҳодиса кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳангоми маъракаи даъват тибқи қонун рафтор мекунанд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки бо фармони вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо, барои рафтои дағалалона нисбати шаҳрванд Абдуҷаббор Рустамов комисари ҳарбии шаҳри Панҷакент подполковник Хуршед Қобилов ва муовини ӯ аз мансабҳояшон барканор шуда, нисбати дигар кормандони комиссариати ҳарбии шаҳр, ки маҷбуран ҷавонро ба хизмат даъват карданӣ шуданд, прокуратураи ҳарбӣ санҷиш мегузаронад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста