Прокуратураи ҳарбии гарнизони Хуҷанд дар робита ба лату кӯби ҷавони даъватшаванда зимни маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ (облава) нисбати 2 корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент парвандаҳои ҷиноӣ боз намуд.
Бино ба маълумоти ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», нисбати иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи дуюми комиссариат прапоршик Икром Нодиров мутобиқи моддаи 391-и КҶ ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият) ва нисбати мутахассиси пешбари шуъбаи чоруми ин комиссаират Урунбой Тошев мутобиқи моддаи 316, қ. 1-и КҶ ҶТ (Бромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд.
«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» қайд мекунад, ки аввали моҳи декабр прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд аризаи даъватшавандаи ҷабрдида Сайдалӣ Ҳақбердиевро, ки ғайриқонунӣ боздошт шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод ва дар амалҳои кормандони комиссариат аломатҳои содир шудани ҷиноятро ошкор кард.
«Дар ҷараёни даъвати Ҳақбердиев ба хизмат намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баромада, ба боздошти даъватшаванда ва гузашта аз ин, лату кӯби ӯ ҳеҷ ваколату асос ва ҳуқуқ надоштанд», - зикр мекунад ҳуқуқшиноси ташкилот Дилафрӯз Самадова.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста