Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда, 19-уми декабр дар шаҳри Истамбул пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов боздошт шуд. Дар ин бора роҳбари Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» Надежда Атаева хабар медиҳад . Далели боздошти Қувватовро дар саҳифаи худ адвокати сиёсатмадори тоҷик Николай Николаев низ тасдиқ мекунад.
Шаҳрванди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов айни замон дастрасии мақоми паноҳанда аз Раёсати Комиссари Олии умури гурезагони СММ-ро мунтазир аст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон Умаралӣ Қуввватовроба азхудкунии 6 млн. сомонӣ (беш аз 1,260 млн. $) муттаҳам карда, вале ӯ ин иттиҳомро беасос мехонад.
Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» аз ҳукуматдорони Туркия дархост намудааст, ки муқаррароти Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳандагон ва Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро иҷро намуда, меъёрҳои мурофиавии қонунгузории Туркия, аз ҷумла таъмини боздоштшуд бо адвокатро риоя намояд.
Анҷумани «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» маълумот дар бораи боздошти пешвои «Гурӯҳи 24» ва дигар ҳаммаслакони ӯ – Ҳусейн Ашӯров, Суҳроб Тӯраев ва Абдурашид Ҳомидовро ба Вазорати корҳои хориҷии Туркия, дафтари намояндагии Раёсати Комиссари Олии умури пааноҳандагон дар Туркия ва дафтари асосии ин Раёсат дар Женева ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch, Amnesty International ва дигарон ирсол намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста