Барои ҳимояти Новороссия шаҳрвандони кишварҳои гуногун меҷанганд. 4 декабр хабарнигори портали 36on.ru бо ҷангиён аз Тоҷикистон суҳбат доштааст, ки ба Луганск ихтиёрӣ барои ҳимоят аз аҳолии осоишта омадаанд.
Бино ба маълумоти портал, тоҷике бо номи Муҷоҳид дар оғози суҳбат барои алайҳи худ сафарбар кардани тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ба президенти Украина Петр Порошенко миннатдорӣ изҳор намудааст.
«Порошенко дар ин ҷо тамоми мардуми славянитаборро гирдиҳам оварда, акнун мо бо онҳо дӯстем ва ҳамроҳ барои Новороссия меҷангем. Порошенко барои мо Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил кард ва акнун ҳамроҳ мо ҳама бародаронем», - иброз доштааст фармондеҳи гурӯҳи иктишофии 156-ум Толиб.
Муҷоҳид изҳор мекунад, ки бародари ӯ бо оилааш муддати 12 сол аст, ки дар ин ҷо иқомат доранд ва ӯ аз онҳо ҷиҳати ҳимояи манзилаш кумак дархост кардааст.
«Ман ин ҷо муддати зиёде зиндагӣ мекунам. Ман ду фарзан дорам, ки ҳамин ҷо ба дунё омада, ба воя расиданд. Ман барои ҳимояти онҳо силоҳ ба даст гирифтам, - мегӯяд Толиб. – Ба мо мабалғе пардохт намекунанд ва мо низ пардохти маблағро талаб надорем, мо барои истиқлолияти Новороссия меҷангем».
Ба саволи хабарнигор дар бораи аз куҷо дастрас шудани силоҳу сарулибос тоҷикон посух медиҳанд, ки онҳоро бо ин лавозимот ҷангиёни шарқ таъмин мекунанд, вале агар аз чизе норасоӣ дошта бошанд, онҳоро аз «укропҳо» (украиниҳо) мегирнад. «Тамоми чизи заруриро онҳо доранд. Мо онҳоро кушта, силоҳу сарулибосашонро мегирем. Дигар чӣ ҳам метавон кард, ин ҷанг аст», - иброз доштааст Толиб.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста