- Сохторҳои дахлдори Тоҷикистон дар робита ба масъалаи озод кардани 4 нафар марзбонони тоҷик, ки ахири ҳафтаи гузашта аз ҷониби ҷангиёни ҳаракати «Толибон» ба асорат гирифта шуданд , мудом бо мақомоти Афғонистон дар тамосанд, - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.
Бино ба гуфти манбаъ, ҳукуматдорони Афғонистон итминон додаанд, ки ин масъала рӯзҳои наздик ҳаллу фасл мешавад.
Рӯзи 22-юми декабр роҳбари Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Қундузи Афғонистон саҳеҳияти маълумоти рабуда шудани марзбонони тоҷикро мавриди санҷиш қарор додааст, вале баъди ин департаменти иттилооти ВКХ ҶТ дигар ба ин масъала таваҷчуҳе зоҳир накард.
Дар ҳамин ҳол, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Муҳаммад Ҷаъфаров санаи 22-юми декабр дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» далели ба асорат гирифтани марзбонони тоҷикро рад кард.
Субҳи рӯзи 22-юми декабр як манбаъ аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ба асорат афтодани марзбонони тоҷикро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки ба таҳқиқи ҳодиса мазкур Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ машғул аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста