Имрӯз, 25 декабри соли 2014 дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ 301 кг 396 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – 170 кг 984 гр; афюн – 122 кг 396 гр ва героин – 8 кг 014 гр бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.
Гуфта мешавад, ин миқдор маводи мухаддир аз рӯи далелҳои16 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, дарёфт ва мусодира шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста