Дар қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бо ширкати намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ, мубориза ва паёмадҳои номатлуби нашъамандӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои агентӣ дар вохӯрӣ ҳайати фармондеҳии қисми низомӣ, муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва афсарони калон ширкат доштанд.
Намояндаи Раёсати агентӣ доир ба мафҳум, моҳият ва дурнамои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» сухан гуфта, иҷрои бемайлони ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро вазифаи ҳатмии мақомоти марбутаи давлатӣ шуморид.
Зикр шуд, ки неруҳои сарҳадӣ дар ҳамдастӣ бо воҳидҳои сохтории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи кишвар, хосатан марзи тӯлонии байни Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшишҳои таҷовузкоронаи гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда, ҳифзи боэътимоди фазои сиёсӣ ва ҳаёти осоиштаи мамлакат аз зиракиву маҳорати баланди ҳирфаии онҳо вобаста аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста