Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша ва терроризм, мавриди ҷустӯҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, бо шиносномаи тоҷикӣ марзи Беларусро гузаштанӣ шуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии марзбонии Беларус, дар Фурудгоҳи миллии «Минск» зимни анҷоми расмиёти сафари мусофирони хатсайри Минск – Истамбул санаи 28-уми декабр як марди мусофир худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ намуда, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо маълум шудааст, ки дар шиносномаи ӯ акс иваз карда шудааст.
«Баъдтар маълум гардид, ки шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карданӣ буд. Аз моҳи июни соли 2013 ин мард барои ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша ва терроризм мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст», - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, марде, ки ғайриқонунӣ марзро убур карданӣ буд, боздошт шуда, дар мавриди ӯ таҳқиқот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста