Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баталёни кишоварзӣ таъсис дода шуд, ки дар ихтиёри Агентии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, чанде қабл дар ҳузури муовини аввал, сардори Ситоди Агентии мазкур Раҷабалӣ Саодатов маросими савгандёдкунии наваскарони баталёни кишоварзӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, барномаи таълимии сарбозони ин баталён, мувофиқ ба тартибу низоми хизматӣ ҳарбӣ, ба мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
«Илова бар ин сарбозоне, ки шомили ин қисми низомӣ мегарданд, бояд дар хусуси истифода намудани техникаҳои хоҷагии халқ, роҳу усулҳои коркарди заминҳои киштзор, чорводориву моҳипарварӣ ва умуман доир ба тамоми фаъолияти деҳқонӣ тасавуроти ҳамаҷониба дошта бошанд», - омадааст дар маълумоти Вазорати мудофиа.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста