Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-уми январи соли 2015 тамоми шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия мераванд ва ё ба дигар давлатҳо сафар менамоянд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд сафар кунанд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Душанбе ва тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ навбатдории 24-соата барои мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ ташкил карда шуд, аз он ҷумла дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ низ.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ба тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои он дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода сохта, саривақт ба шаҳрвандон дастрас намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста