Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ҳар се моҳ ба арзу шикоят ва мушкилоти тобеъонаш шахсан расидагӣ мекунад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, ин иқдом бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолият ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ реҷаи қабули кормандон аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ метавонанд бевосита мушкилоти худро ҳаллу фасл намоянд.
«Вазир тобеъони худро ҳар се моҳ як маротиба рӯзҳои шанбе тибқи нақшаи тасдиқшуда рӯзҳои 7 март, 6 июн, 5 сентябр ва 5 декабри соли равон аз соати 8 то 9 қабул мекунад», - зикр мегардад дар сомонаи расмии ВКД ҶТ.
Гуфта мешавад, шанбеи якуми ҳар моҳ аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шаҳрвандон қабул гардида, арзу шикояти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад ва ба ҳар як корафтода аз ҷониби роҳбарияти Вазорат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардида, барои ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳои қонунӣ андешида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста