Рӯзи аввали соли 2015 дар асоси хабари оперативӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар қитъаи отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон иборат аз шаш нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гашта, ҳангоми аз тарафи кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик дастгир намудан, муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд.
«Аз рӯи маълумот, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳ як нафар қочоқчии афғон захмӣ ва қочоқчиёни боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд ва захмиро ҳамроҳи худ бурданд», - омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса кормандони Агентӣ ва сарҳадбонони тоҷик гилзаҳои тири силоҳи оташфишон, ду телефони мобилӣ ва як халтаро ошкор намуданд, ки дар дохили он ҳудуди 12 кило маводи мухаддири афюн дарёфт шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста