Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон як амали интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони тухмӣ ва шираи камол ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, дар дидбонгоҳи гумрукии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми азназаргузаронии гумрукии автомашинаи тамғаи «Камаз» аз бордонаш дар халтаҳои ҳаҷмашон гуногун ба миқдори 1 тоннаву 294 кило тухми гиёҳи «Камол» ва дар 257 адад зарфҳои пластикии гуногунҳаҷм ба миқдори умумии 5 тоннаву 574 кило шираи камол ошкор карда шуд.
«Халтаҳои пур аз тухми гиёҳи «Камол» устокорона аз болои шираи Камол пушонида шуда қоҷоқгарон мехостанд бо ин амал пинҳонӣ аз назари гумрукчиён маводҳои мазкурро ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол бидиҳанд. Баъд аз гузаронидани таҳлилу санҷишҳо маълум гардид, ки маводҳои боздошгардида ба сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Маяковский Рустам Содиқов тааллуқ доштаанд», - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, номбурда маводҳои мазкурро аз кӯҳу саҳро ва талу теппаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ намуда бо ин амалаш ба табиати зебои кишвар зарари калон ворид намуда, бар замми он мехост миқдори калони ҳосили ҷамъовардашударо тариқи пинҳонӣ ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол дода аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст биёрад.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида барои идомаи тафтишот ба Прокуратураи ноҳияи Фархор ирсол карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста