Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мегӯяд, бояд рӯзноманигорон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон бо мақомотҳои давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.
«Албатта, ҷои таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо новобаста аз он ки бисёре аз онҳоро ба Ватан баргардондем, боз чанд нафаре он ҷо мондаанд. Имрӯз натанҳо ҷавонони тоҷик, балки аз дигар кишварҳо низ дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар нуқтаҳои даргир ҳузур доранд. Мо намедонем онҳоро пул ва ё дигар омилҳо ба он ҷо мекашанд. Ин албатта камбудии кори мост. Аммо дар пешгирии гаравиш ва ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ бояд сарҷаъмона кор кунем. Ин танҳо вазифаи мақомотҳои давлатӣ набуда, балки тамоми ҷомеъаи тоҷик аст. Шумо, рӯзноманигорон низ бояд дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳмгузор бошед , - гуфт раиси вилоят зимни нишасти хабарӣ, ки рӯзи 9-уми январ дар Қӯрғонтеппа сурат гирифт.
Дар давоми суҳбаташ Гулмаҳмадзода изҳор дошт, ки таҳдиди гурӯҳҳои террористиро ба сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайк» Аҳмади Иброҳим маҳкум мекунад.
«Ман ба Шумо ва аҳли эҷоди рӯзнома миннатдории хешро баён месозам, ки маводи зиёд дар мавзӯи экстремизим ба чоп мерасонед. Онҳое, ки Шуморо таҳдид кардаанд ва ба роҳи бад рафтаанд, дигар ба Ватан баргаштан наметавонанд. Аз ин хотир Шумо хотирҷамъ бошед, ба Шумо зараре расонида наметавонанд» - илова кард раиси вилоят.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста