Соли гузашта дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 95 узви ҳаракату аҳзоби ифротаро боздошт шуданд.
Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милисаи вилоят 8 гурӯҳи муташаккили террористиву ифротгароро ошкор ва 95 узви ин гурӯҳҳоро дастгир кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумор 43 нафар узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 37 нафар – узви гурӯҳи ҷиноятпешаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 9 нафар – аъзои гурӯҳи «Ҷундуллоҳ» ва 5 нафар – узви «Ҳизб-ут Таҳрир» мебошанд.
«Ҳамчунин мебояд зикр кард, ки айни замон 102 нафар сокинони вилоят, ки ба узвият дар ҳаракату аҳзоби террористиву ифротгаро гумонбар дониста мешаванд, мавриди ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд», - иброз дошт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста