Муфаттишони Кумитаи тафтишоти ноҳияи Канавинои вилояти Нижний Новгороди Русия шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар куштори рӯҳонии ибодатгоҳи воқеъ дар ноҳияи Маскави Нижний Новгород боздошт намудаанд.
Бино ба иттилои хабаргузории « НТА-Приволжье » ҳодисаи куштори рӯҳонӣ рӯзи 3-юми январ дар манзили ӯ дар кӯчаи Чкалови ноҳияи Канавино, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон ин манзилро иҷора доданӣ будааст, рух дода, тибқи фарзияи тафтишот, зимни гуфтушунид гумонбаршуда ба сари рӯҳонӣ бо як чизи сахт зарба задааст, ки дар натиҷа рӯҳонӣ Анатолий Мешков ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, пас аз қатли рӯҳонӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз манзили ӯ маблағи пулӣ, телефони ҳамроҳ ва чизҳои шахсии соҳибманзилро бо худ бурда, ҷасади рӯҳонӣ рӯзи дигари пас аз ҳодиса дарёфт шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 105-и КҶ Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида,, гумонбаршуда, шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва бозпурсӣ шудааст. Боздоштшуда дар ҳабс қарор дошта, тафтишот аз рӯйи ин далел идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста