Сокини шаҳри Қайроққум Раҳматҷон Турдиеви 20-сола ҳангоми моҳидорӣ дар обанбори Қайроққум ғарқ шуда, ҷасади ӯро гурӯҳи фаврии ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷустуҷӯ доранд.
Котиби матбуотии Кумита Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сокини дигар ин шаҳр Илҳомҷон Домуллоҷонови 17-сола, ки ҳамроҳи ғарқшуда ба моҳидорӣ машғул буд, наҷот дода шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст. «Соли ҷорӣ ин ҳодисаи аввали ғарқшавӣ ва ҳалокати шаҳрвандон дар кишвар аст», - гуфт номбурда.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки бо назардошти обуҳавои номусоид, ҳангоми моҳидорӣ ва сайругашт дар роҳу пайраҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста