Ду сокини шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд. Дар ин бора и.в раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ камии роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ва норасоии ҷойҳои корӣ низ мебошад.
«Мо байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ кам мегузаронем ва ба хотири пешгирии гаравиши онҳо дар ин самт дар ҳамдастӣ кор кардан зарураст. Бо ҷавонон вохӯрию суҳбатҳоро бештар намоем ва ташвиқу тарғиби қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро бештар намоем», - гуфт ӯ.
Амирулло Асадулло ҳамчунин қайд кард, ки тайи ҳафт моҳи фаъолият бо шаҳрвандон мулоқоту сӯҳбатҳои зиёде сурат гирифта, имрӯз натиҷаи он дар коҳиши қонунвайронкуниҳо аз тарафи наврасону ноболиғон ба мушоҳида мерасад.
Бояд гуфт, ки қаблан прокуратураи вилояти Хатлон хабар дода буд, ки як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Муродалӣ Барфиев дар ҷангҳои Украина ширкат намуда, ба ҳалокат расидааст ва ҷасади ӯ ба Қӯрғонтеппа интиқол ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста