Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон дархост намуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аз рӯзҳои аввали таваллуди онҳо бештар таваҷчуҳ зоҳир намоянд.
«Дар вазъи ҳассос барои мардум, ман таваҷҷуҳи падару модаронро ба тарбияи насли наврас ҷалб месозам. Таъкид мекунам, ки онҳо ба ин масъала бояд бо тамоми масъулият рафтор намоянд. Ҷавононе, ки ба дигар кишварҳо барои таҳсил ё кор рафтаанд, бояд ҳамеша таҳти назари падару модаронашон бошанд. Онҳо ва дигар калонсолон бояд ҳамеша бо онҳо дар тамос бошанд, зеро мо мушоҳида мекунем, ки зимни муҳоҷират ё таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгарои террористӣ ва ифротгаро шомил мегарданд. Имрӯз мо шоҳиди онем, ки як қисмате аз ҷавонони тоҷик дар Сурия меҷанганд», - гуфт сарвари давлат.
«Шумо дар наворҳои видеоӣ мебинед, ки он ҷо чӣ гуна вазъ аст. Падару модарон фарзандро ба дунё оварда, тарбия мекунанду ба воя мерасонанд ва сипас кор то ҷое мерасад, ки ин фарзанд ҳатто аз падару модари худ даст мекашад. Магар ин мусалмонист?», - таъкид кард президент.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, айни замон аз 200 то 300 нафар тоҷикистониён дар Сурияву Ироқ қарор дошта, 50 нафари онҳо дар ҷангҳо муқобили ҳукумати Башр Асад фавтидаанд.
Барои танзими ҷараёни муҳоҷират президент дастур дод, ки то ахири соли ҷорӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод карда шавад.
Ба гуфтаи сарвари давлат, соли 2014 дар Тоҷикистон 252 ҳазор ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуда, соли 2015 низ дар дохили кишвар на камтар аз 200 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста