Раиси Кумита оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масоли гуманитарии Ассамблеяи Парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (АП САҲА) Изабел Сантос дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин вазъи озодии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла айбномаҳои нави пешниҳодшуда нисбати Зайд Саидов, пешвои ҳизби сиёсии сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» нигаронӣ изҳор кард.
«Дар остонаи интихобот Тоҷикистон бояд бо муколамаи озод ва чӣ чизе беҳтар будан барои Тоҷикистон фаро гирифта шавад, аммо ҳама чиз баръакс сурат мегирад, ин тадбирҳо дар бахши ҳуқуқ озодии сиёсӣ, мустақилияти низоми судӣ ва волояити қонунро зери шубҳа мегузоранд», - изҳор доштааст Сантос.
Дар изҳороти интишоршудаи АП САҲА таъкид мешавад, ки Қудратов дар ҷомеа ҳамчун ҳимоятгар дар парвандаҳои пурсарусадо, аз ҷумла парвандаи яке аз нашрияҳои пешсафи Тоҷикистон – газетаи «Азия-Плюс», соҳибкори шинохта ва муассиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов ва дигарон маъруф аст.
«Дар Тоҷикистон кӯшишҳои ошкорои пешгирии интиқод аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ бояд хотима дода шавад. Дар раванди бунёди давлати коршоями демократӣ фаъолони сиёсӣ, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бидуни ҳарос аз таъқибот ё ҷавобгарии судӣ, бояд ба иҷрои кори худ имкон дошта бошанд. АП САҲА қазияҳои зикршуда дар Тоҷикистонро ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад кард», - қайд кардаст Сантос.
Гуфта мешавад, бо назардошти фишори афзоянда, раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон имкони таҳрими интихоботи парлумонии санаи 1-уми март дар кишварро эълом доштааст. «Бо таъкиди муҳим будани иштирок дар раванди сиёсӣ, мо ин қарорро ба инобат мегирем», - баён мегардад дар изҳорот.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки Ассамблеяи Парлумонии САҲА маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистонро низ пайгирӣ хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста