Раиси шаҳри Сарбанд Қарахони Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки ду сокини ҷавони шаҳр, собиқ донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд.
«Ин ду нафар собиқ донишҷуёни донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ буданд, ки қаблан волидайн онҳоро аз ин донишгоҳ гирифта, ба донишгоҳи исломии кишвар супурданд. Баъдан барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд, ки онҳоро дар он ҷо гӯруҳҳои террористӣ ба худ моил намудаанд. Нисбати ин ду нафар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд»- илова кард раиси шаҳр.
Қаблан Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар низ аз марги се тан аз сокинони ноҳияи мазкур дар Сурия хабар дода буд.
«Бино ба он маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, се тан сокинони ноҳияи мо дар ҷангҳои Сурия ширкат намуда, ҷони худро аз даст додаанд» - изҳор дошта буд раиси ноҳия.
Бино ба маълумоти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, айни замон 31 нафар сокинони ин вилоят дар минтақаҳои даргир, аз ҷумла Сурия, Ироқ ва Афғонистон меҷанганд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста