Тибқи нақша-чорабиниҳои пешбинишудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола бахшида ба рӯзи таъсиёбии Артиши миллии кишвар, дар тамоми ҷузъу томҳо ва қисму воҳидҳои ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ миёни афсарону сарбозон чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ба нақша гирифта мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, вобаста ба ин, давоми як ҳафта мешавад, ки дастаи ҳаваскорони навъҳои Қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозони гарнизонҳои Душанбе ва Хатлон дар фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» байни ҳам бо барномаҳои рангини фароғатӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.
Дар ҷараёни баргузории фистивали мазкур аён гардид, ки аксари сарбозон дар он омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Беҳтарин хониши шеру суруд, саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ва дигар ҳунару истеъдодҳои баланд дар иҷрои онҳо мушоҳида мегардид.
Ҷараёни баргузории озмунро бошад, ҳайати ҳакамон, назорат намуда, ба маҳорату малакаи дастаҳои ҳунарӣ баҳогузорӣ менамуданд. Лозим ба ёдоварист, ки мақсад, аз ташкилу ба роҳ мондани ин гуна чорабиниҳо, ин бедор намудани ҳисси ватандустии насли созандаи ин марзу бум, эҳтиром гузоштан ба маҳорати ҷавонони соҳибҳунар ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳй тарбия намудани онҳо мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста