- Бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия ва таркиш дар он се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, - хабар медиҳад СNN бо истинод ба васоити ахбори умуми Либия.
Бино ба иттилои манбаъ, бар асари ин амали террористӣ дар маҷмӯъ 5 нафар шаҳрвандони хориҷӣ – 1 шаҳрванди ИМА, 1 шаҳрванди Фаронса ва 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Дар бораи шахсияти ҳалокшудагон алҳол маълумот дастрас нест. Ҳамчунин дар баробари онҳо боз 5 шаҳрванди Либия ҳам ҳалок шудаанд.
Масъулияти ин амали террористиро дар меҳмонхонаи шаҳри Триполи филиали Давлати исломӣ дар Либия ба дӯш гирифтааст.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин бора алҳол ҳеҷ маълумоте дар даст надошта, тасдиқ ё инкори ин хабарро аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ мунтазиранд.
Дар ҳамин ҳол, ТАСС бо истинод ба хабаргузории Afrigatenews иттилоъ медиҳад, ки бар асари ҳамла ба меҳмонхонаи «Коринтия» дар пойтахти Либия 11 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 5 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ ва 6 нафарашон кормандони меҳмонхона мебошанд. Тибқи маълумоти сохторҳои қудратӣ, миёни ҳалокшудагон аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 1 амрикоӣ, 1 фаронсавӣ, ду нафар шаҳрвандони Филиппин ва 1 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ ҳузур доштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста