Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антоновро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русия, хусусан барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва таҳкими омодагии зиддитеррористӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаю тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар ин самти ҳамкорӣ ва ҳам қарорҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадулшуда зоҳир гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ва миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҳосилшуда бояд пурра ва саривақт иҷро шаванд, зеро ба амнияту суботи муътамад дар минтақаи мо Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам манфиатдоранд.
Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои эҳтимолӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан ба ояндаи Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Русия барои ҳарду ҷониб ва кулли минтақа судовар аст ва аз ин хотир минбаъд боз ҳам таҳким ва густариш хоҳад ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста