Яке аз иштирокдорони даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия, ки дар сафи нерӯҳои «Давлати исломӣ» меҷангад, изҳор намуд, ки шумори тоҷикон дар Давлати исломии Ироқу Шом аз 2 ҳазор нафар зиёд аст.
Нусрат Назаров, маъруф ба Абӯ Холиди Кӯлобӣ дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» дар ин хусус гуфтааст: «Мо ҳам як бор 500 нафар гуфта будем, ин барвақт буд. Ҳоло, алҳамдуллилоҳ, 500 нафар шаҳид шудааст. Ҳоло шумораи тоҷикон ин ҷо аз 2 ҳазор нафар ҳам гузаштааст. Ин ҷо мардумро мебинӣ, фикр мекунӣ, ки дар Тоҷикистон ҳастӣ. Агар ҳамин хел рафтан бигирад, дар Тоҷикистон касе намемонад, ҳама меояд».
Қобили зикр аст, ки Нусратулло Назаров, роҳбари муҷоҳидони тоҷик дар музофоти Ал-Табқа, наздикии Раққа ахиран тез-тез тариқи наворҳои вдеоӣ ба тоҷикистониён муроҷиат намуда, онҳоро ба ҷиҳод дар Сурия даъват мекунад. Дар навори видеоии охирин ӯ ба журналистони тоҷик ҳам таҳдид намуд.
Чаро тоҷикон ба ҷангҳои зидди давлатҳои Ироқу Сурия мераванд. Коршиноси масоили динӣ дар Тоҷикистон Абдуллоҳи Муҳаққиқ бар ин назар аст, ки «омили аслӣ ва калидии рафтани тоҷикон ба ҷангҳои зидди Ироқу Сурия дар ҷабҳаи Ан-нусра, ДОЪИШ, пеш аз ҳама таблиғи идеология ва ғояҳои салафия дар Тоҷикистон аст».
«То замоне, ки ҳаракати салафияву андешаву афкори онҳо набуд, касе рафтан ба ҷангҳоро фикр намекард. 15 сол пеш инҳо фаъолияташонро оғоз карданд ва Муҳаммади Раҳматулло худро пешвои салафия дар як суҳбаташ дар ВАО эълон намуд. Аз ҳамон замон то ин вақт тамоми пайравони иртиҷоъии салафия афкори пурғалати ҷиҳодиро аз номи аҳли суннат вал ҷамоат дар муҳити динӣ, мазҳаби ва иттилоотии Тоҷикистон таблиғ намуданд ва ин боис гардид, ки ҷавонони бемаърифат ва бехабар аз дин барои дарёфти ормони динии худ ҷанг алайҳи Сурия ва Ироқ ҳамчун рукни «муҳим»-и исломӣ худро қурбон мекунанд. Аз дигар ҷо набояд инро ҷустуҷӯ намуд, чун нуқтаи меҳварӣ ва аслии рафтани ҷавонон пеш аз ҳама решадавонӣ ва шаклгирии салафия ва идеологияи зиддиқонунии дар муҳити иттилоотӣ ва иҷтимоӣ, сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон мебошад», - иброз дошт ӯ.
Коршинос мегӯяд, ҷавонон фиреби ангезаҳо ва идеологияи иттиҳодияи экстремистӣ гашта, ба он ҷо ворид мешаванд ва нафароне дар он ҷо ворид мешаванд, ки аслан мазҳаби ҳанафиро қабул надоранд, онҳо бевосита бо амирашон Абӯбакри Бағдодӣ байъат мекунанд ва барои қатли мусалмонҳо дар он ҷо иштирок мекунанд.
«Ҳамин аст, ки мардум бояд донанд, ки инҳо ба аҳли Суннат, бахусус мазҳаби ҳанафӣ ягон иртибот надоранд. Фаъолияти онҳо, ки мусалмононро қатл мекунанд, хилофи фармудаи Қуръон ва суннат аст. 2 ҳазор шуморе, ки эълон карданд, шояд ҳақиқат дошта бошад, шояд як навъи даъват барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремисти бошад. Тибқи иттилои мо, дар Миср зиёда аз 2 ҳазор тоҷик ҳаст, шояд зиёда аз 1 ҳазор нафари онҳо салафӣ гаштаанд», - афзуд А.Муҳаққиқ.
Бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз соли 2014 равияи «Салафия» дар Тоҷикистон ифротгаро эътироф шуд. Фаъолияти сомонаи расмии ҳаракат манъ ва дастрасӣ ба он дар қаламрави кишвар низ қатъ шудааст.
Нимаи моҳи январи соли равон зимни ншасти хабарӣ вазири корҳои дохмилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз дар даргириҳои Сурияву Ироқ ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста