Ахири ҳафтаи гузашта  вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо Шартномаи байни Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин оид ба расонидани кӯмаки бебозгаштро ба имзо расониданд, ки ин кӯмак аз сарулибоси махсуси низомӣ (тобистонаю зимистона) иборат буда, барои кормандони милитсия пешбинӣ гардидааст ва маблағи он 940 ҳазор юан (беш аз 150 ҳазор $)- ташкил медиҳад.    

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар мавриди мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд намуд, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри ривоҷ ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муштарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард.

Ҳамчунин ҷиҳати пайваста гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва расонидани кӯмакҳои техникӣ ба ҷаноби Фан Сянжун изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ин кӯмаку ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамоянд. 

Ҷаноби Фан Сянжун низ аз рушд ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба байни ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки миёни ин ду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо ҳамкориҳои қавӣ ба роҳ монда шудааст.