Рӯзи 3 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо Роҳбари Шӯъбаи Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо оид ба равобити сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Тойво Клаар баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин муовини Роҳбари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Иштва Нитрай иштирок намуд.
Бино ба иттили шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои дурнамои ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили назорати маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд. Директори Агентӣ қайд намуд, ки ҳамкориҳои судманд дар чорчӯбаи Барномаи “Идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ” (“БОМКА) ба роҳ монда шудаанд, ки бо дастгирии Барнома сохтмони Маркази таълимии Кинологӣ ба анҷом расонида шуд. Соли 2014 дар Маркази таълимӣ на танҳо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, балки намояндагони мақомоти салоҳиятдори Афғонистон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омӯзиш гирифтанд.
Р. Назарзода қайд намуд, ки Агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Аврупо, ШМА, Хитой, Россия, Афғонистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.
Роҳбари Агентӣ инчунин қайд намуд, ки барои такмили фаъолияти Агентӣ дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар масъалаҳои тайёр намудани кормандони ҷавон, такмили дониши кормандони амалкунанда, дар заминаи Маркази таълимӣ ташкил намудани курсҳои таълимӣ барои такмили ихтисоси кормандони полиси Афғонистон дар масъалаи мубориза бар зидди маводи мухаддир, табодули иттилоот оиди интиқоли маводи нашъаовар тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Росия, инчунин кӯмаки методӣ дар масъалаҳои офиятбахшии нашъамандон, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, интишори нашрияҳо, ки ба коҳиши талабот ба маводи нашъаовар равона шудаанд, лозим аст.
Меҳмонон қайд намуданд, ки дар чорчӯбаи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо доир ба Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа тақвият меёбанд, чунки ҳалли масъалаи мазкур дар сатҳи як кишвар ғайриимкон аст, барои ин иттиҳоди кӯшишҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста