Аввали моҳи феврал дар натиҷаи гузаронидани чораҳои махсус баҳри пешгирии воридоти дорувории пастсифат шаҳрванд Ятим Маҷидов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар воридоти чунин маводҳо боздошт гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, номбурда маводҳои дорувории Амоксицилин – 992 қуттӣ, Ацетамол – 392 қуттӣ, ва Руфен – 41 қуттӣ, ки маблағи умумияш 23 306 доллари ИМА-ро ташкил медод, аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ворид намуда дар дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и гумруки Қӯурғонтеппа ҷойгир менамояд.
«Ташхиси лаборатории Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии кишвар муайян кард, ки молҳои мазкур ба талаботи стандартҳои аслӣ чавобгӯ набуда, бо сифати паст истеҳсол шудаанд, ки метавонанд ба саломатии мардум осеб низ расонанд», - омадааст дар маълумоти Хадамоти гумрук.
Гуфта мешавад, новобаста аз он ки шаҳрванд Маҷидов дар гузашта низ бо чунин амали нангини худ муттаҳам дониста мешуд, боз ба чунин кирдор даст задааст. Аз рӯи ин ҳодиса нисбати гумонбар бо моддаи 201 қисми 1-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста