Ҳавопаймоҳои зарбазани Урдун ба минтақаҳои мустақари ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар қаламрави Сурия аввалин мушакҳои худро партоб кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Урдун тасмими муборизаи шадид бо ифротгароёнро баъд аз он гирифт, ки мусаллаҳони «Давлати исломӣ» сарнишини урдунӣ - Моаза ал-Касасбиро ду рӯз қабл дар дохили панҷараи оҳанин зинда оташ заданд.
Гуфта мешавад, тайёраҳои низомии Урдун нуҳуфтгоҳ ва майдонҳои тамринии ҷангиёни «Давлати исломӣ»-ро мавриди ҳадаф қарор доданд. Дар мавриди талафони ҷонӣ маълумот дода нашудааст.
Зикр мегардад, ки ҳавопаймоҳои ҳарбии тамғаи F-16 баъди партоби мушакҳо ба мавзеъҳои ҷойгири ифротгароёни «Давлати исломӣ» дар Сурия ба Урдун баргашта, болои рустои Айя, ки деҳаи сарнишини қурбонии урдунӣ ба шумор меравад, давр заданд. Ин замон Шоҳи Урдун – Абдулло ҷиҳати баёни таъзия ба наздикони сарнишин - Моаза ал-Касасби ба манзили истиқоматии марҳум ташриф оварда буд.
Низомиёни мудофиавии Урдун иброз доштанд, ки муборизаро шадид хоҳанд кард. Силоҳбадастони «Давлати исломӣ» сарнишини Урдунро баъди суқути ҳавопаймо дар хоки Сурия ба асорат гирифта буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста