Гулрухсор Рофиева, ҳамшираи шафқати тоҷик, ки дар Яман кор мекард, имрӯз 10-уми феврал баъди асорати қариб 4-моҳа озод карда шуд.
Тибқи иттилои Радиои «Озодӣ» бо истинод ба маълумот аз намояндагии ширкати русиягӣ дар Яман, Гулрухсор Рофиева ҳоло дар маҳалли кораш – бемористони маркази вилояти Маъриб қарор дошта, қарор аст, ки то 2 рӯзи дигар ба пойтахти Яман, шаҳри Санъо мерасад.
Манучеҳр Абдуев, як намояндаи ширкати Русия дар Яман гуфтааст, Гулрухсор Рофиева субҳи 10-уми феврал озод карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шуъбаи занонаи госпитали ҳарбии Маъриб кор мекард, рӯзи 29-уми октябри соли гузашта аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуда буд. То ин замон дар бораи тақдири минбаъдаи ӯ чизе маълум набуд.
Яке аз табибони тоҷике, ки дар бемористони шаҳри Маъриб кор мекунад, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки Гулрухсор Рофиеваро тақрибан 2 соат пеш раҳо карданд ва ин табиб ӯро аз наздик дидааст: «Чеҳрааш каме азиятдида ба назар меояд, маълум, ки хеле азоб кашидааст дар дасти гаравгонгирҳо. Вале ба сурати умум, Гулрухсор хеле хушҳол буд».
Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз озодии табибзани тоҷик аз асорат дар Яман маълумот дар ихтиёр надоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста