Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағониро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ дар вохӯрӣ ҳамчунин Беҳзоди Рафеъӣ – вобастаи низомии сафорати Эрон дар Тоҷикистон ва Саидмӯҳсин Рашид-ул-Исломӣ – мушовири сафир ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, сепаратизм ва хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳ табодули афкор намуда, қайд гардид, ки масъалаҳои зикргардида на танҳо Тоҷикистону Эрон, балки тамоми давлатҳои минтақаро ба ташвиш овардааст.
«Дар ин масоил Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Эрон равобити зичи ҳамкориҳоро роҳандозӣ намудаанд», - омадааст дар итттилои ВКД ҶТ.
Зимнн зикр мегардад, ки дар хотимаи мулоқот тарафайн аз рушду нумӯъ ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста