Сарбози Вазорати мудофиа Наҷмиддин Қаюмов, ки рӯзи 8 феврал бо захми тир бистарӣ шуда буд, имрӯз баҳуш омада, лекин табибон алҳол ба бозпурсии ӯ иҷоза намедиҳанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, чанд соат қабл Н.Қаюмов баҳуш омада, норавшан ба ҳарфзанӣ даромадааст.
Зимнан зикр гардид, ки сарбози захмишуда айни замон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, аз дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҷудо ва мустақилона ба нафаскашӣ шурӯъ кардааст.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта Наҷмиддин Қаюмов, ки тирамоҳи соли гузашта аз шаҳри Хуҷанд ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда буд, бо захми тир бистарӣ гардид. Ӯ нахуст дар госпитали ҳарбии пойтахт ва сипас дар Маркази миллии тиббӣ бо захми тир дар сараш бистарӣ шуд.
Санҷиши хизматии доиргардида аз эҳтимол дур намедонад, ки сарбоз худаш ба сараш тир парронидааст.
Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бар ин назаранд, ки сабаби ба сари худ тир холӣ кардани сарбози артиши Тоҷикистон Наҷмиддин Қаюмовро баъди баҳуш омадан ва суҳбат бо худи сарбоз метавон ошкор намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста