Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 19 феврал вохӯрии вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири кишвари Эрон ҷаноби Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, нахуст, вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ ташрифи Рамазон Раҳимзодаро ба сарзамини Эрон боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ арзёбӣ намуда, қайд кард, ки муносибатҳои ин ду давлати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ин ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили марбут ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши силоҳ ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бо хатарҳои ҷаҳони муосир мо метавонем, танҳо дар ҳамбастагӣ ва ҳамкории муштарак самараи дилхоҳ ба даст оварем.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста