Бо мақсади иҷрои дастурҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи санаи 17 феврали Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ садо доданд, вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милиса Рамазон Раҳимзода бо аҳолии минтақаҳо як қатор вохӯриҳо анҷом медиҳад.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, вазири корҳои дохилӣ бо аҳолии вилояти Суғд – 24 март, 13 июн, 12 сентябр ва 21 ноябр; аҳолии вилояти Хатлон – 4 апрел, 20 июн, 26 сентябр ва 28 ноябр; аҳолии ВМКБ – 25 апрел, 18 июл, 24 октябр ва 19 декабр ва сокинони гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт – 18 апрел, 4 июл, 10 октябр ва 12 декабр вохӯриҳо баргузор мекунад. Вохӯриҳо аз соати 9 то 12-и рӯз дар биноҳои Раёсати маҳаллии корҳои дохилӣ барпо мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои дохилӣ супориш дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мардум бевосита мулоқотҳо доир намояд, то ки арзу доди онҳоро, аз ҷумла доир ба қонуншиканиҳои худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намояд. Таъкид гардид, ки «барои ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун бояд бо мардум дар алоқаи доимию бевосита бошед».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста