Рӯзи 27 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода бо полковник Силван Ланиэл – атташеи ҳарбии сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ Р. Назарзода ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, тамоюли рушди он, ҳамкориҳо ва амалиётҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нақл намуд.
Роҳбари Агентӣ ҷаноби Ланиэлро оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии Агентӣ дар соҳаи назорати муомилоти маводи нашъаовар шинос намуд.
Атташеи ҳарбӣ омодагии худро дар гузаронидани тренинг дар заминаи Маркази таълимии Агентӣ барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи на танҳо Тоҷикистон, балки Афғонистон, Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин гузоштани саҳми арзанда дар таҳияи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 баён намуд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дутарафа дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста