Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Ҷопон ба беҳбуди шароити идоракунии марзи Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунанд.
Лоиҳаи дахлдор дар ин хусус имрӯз аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Барномаи рушди СММ ва ҳукумати Ҷопон (тариқи Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон - JICA) тасдиқ шуд.
Буҷети умумии ин лоиҳа ба муҳлати 2,5 сол 4, 2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар он сохтмони гузаргоҳи нави назоратӣ дар Лангар (ВМКБ), таъмиру азнавсозии панҷ гузаргоҳи дар наздикии он қарордошта ва ҳамчунин ташкили тренингҳо барои марзбонон ва хизматчиёни гумрук пешбинӣ шудааст.
Баҳри амалисозии лоиҳа ҳукумати Ҷопон ҳудуди 3,9 млн. доллари ИМА ва Барномаи рушди СММ боз 0,3 млн. доллари ИМА ҷудо мекунанд.
Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамчунин таъмиру азнавсозии бозорҳои наздимарзӣ дар Рузвай (ноҳияи Дарвоз) ва Ишкошим низ ба нақша грифта шудааст.
Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов таъкид дошт, ки назорати пурсамари марзи Тоҷикисону Афғонистон натанҳа барои Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои узви ИДМ аст.




Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста