Ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ (ва ва сардорони раёсатҳрои минтақавии ВКД Тоҷикистон тӯли 2 моҳи соли равон 373 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар бораи содиршавии ҷиноятҳои одамкушӣ 3 нафар, таҷовуз ба номус 3 нафар, дуздӣ 35 нафар, лату куб 40 нафар, барнагардонидани пули қарз 47 нафар, ситонидани ришва 13 нафар, гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар 1 нафар, фурӯши ғайриқонунии замин 5 нафар, сӯхтор 1 нафар ва дигар ҷиноятҳо 9 нафар муроҷиат намудаанд.
«Тариқи телефони боварӣ дар 150 ҳолат оиди кирдорҳои ғайриоинномавии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ (дағалӣ, бе асос даъват намудан, бе асос тартиб додани протоколи маъмурӣ, сари вақт таъмин накардани шиноснома) ба вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳо муроҷиат шудааст, ки таҳти назорат қарор дода шуда, санҷиши онҳо аз ҷониби Раёсатҳои дахлдори ВКД давом доранд», - зикр мегардад дар иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста