Палатаи болоии парлумон имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодексии ҷиноии кишварро тасдиқ намуд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Бахтиёр Худоёрзода зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки мутобиқи тағйироту иловаи қабулшуда, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то анҷоми низоъи мусаллахона дар кишварҳои дигар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тарк мекунанд ва бо тавбаи ин амали худ ба ватан бармегарданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешаванд.
Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки тибқи маълумоти мавҷуда, дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияву Ироқ беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.
Тоҷикистониёне, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хизмат мекунанду хизматашон ба истилоҳ дар «нуқтаҳои даргир» мегузарад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои иштирок дар мухолифатҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар озод карда мешаванд.
Пештар дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанов дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дар тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҷиноии ҶТ, ки санаи 21-уми майи соли 2014 маъқул шуморида шуд, барои иштирок дар низоъ ва даргириҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
«Аммо ин танҳо ба шахсоне дахл дорад, ки ба сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шомил мешаванд. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи қарордод расман дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия адои хизмат мекунанду хизматашон ба истилоҳ дар «нуқтаҳои даргир» мегузарад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст», - иброз дошта буд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста