Васоити ахбори умуми Туркия дар бораи кушта шудани пешвои созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи «Гурӯҳи 24» маълумот медиҳанд.
Бино ба иттилои портали иттилоотии www.haberler.com , , соати 22-30 дақиқаи рӯзи 5 март дар кӯчаи Фотеҳи шаҳри Истамбул як шахси номаълум Қувватовро парронидааст. Бар асари ҷароҳати аз сараш гирифта ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
«У. Қувватов бо як шиноси худ дар қаҳвахона хӯроки шом тановул намуда, сипас ба берун мебарояд ва ҳадафи тир қарор мегирад. Мақомоти пулис алҳол дар бораи чанд нафар будани ҳамлагарон маълумоти саҳеҳ надорад», - иттилоъ медиҳад агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҷасади Умаралӣ Қувватов аз субҳи имрӯз дар мурдахона қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми декабри соли гузашта Умаралӣ Қувватов барои риоя накардани муқаррароти будубош боздошт шуд. Моҳи октябри соли гузашта созмони «Гурӯҳи 24» дар Тоҷикистон ифротгаро эътироф гардида, фаъолияташ манъ гардид.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон Умаралӣ Қувватовро дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қаллобӣ, азхудкунии амволи шахсони дигар, аз ҷумла 6 млн. сомонӣ (беш аз 1,260 млн. $) гумонбар медонад.
Аввали моҳи феврали соли равон роҳбари созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» аз маҳбаси шаҳри Истамбул раҳо шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста