Ҷасади Умаралӣ Қувватов, ки рӯзи 5 март дар Туркия кушта шуд, имрӯз дар ин кишвар ба хок супурда мешавад.
Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои наздикони марҳум, маросими намози ҷанозаи ӯ 9 март дар масҷиди Муҳаммад Фотеҳи Истамбул доир мешавад.
Қумриннисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, рӯзи 8-уми март ба радиои Озодӣ гуфтааст, маъмурони амниятӣ ва беҳдоштии Туркия ба онҳо иҷоза додаанд, маросими ҷанозаи шавҳараш рӯзи 9-уми март дар яке аз масҷидҳои бузурги Истанбул бо номи Муҳаммад Фотеҳ баргузор шавад.
Қумриннисо Ҳафизова иброз доштааст, бо насиҳати рӯҳонии афғон Баҳодур Оғо, як сӯфии маъруф дар шаҳри Кобул, ки Умаралӣ Қувватов ӯро пири худ интихоб карда буд, онҳо ба қароре омаданд, ки шавҳарашро дар Туркия дафн кунанд: “Ӯ (Баҳодур Оғо) васият карда будааст, ки шавҳарамро дар Туркия дафн кунем. Мо намехоҳем, ки васияти пирашро дар замин монем. Чунки муҳаббати шавҳарам нисбати шайхе, ки аз ӯ дасти пир гирифта буд, зиёд буд. Шавҳари ман дар тариқат хизмати бисёр карда буд, ба дини Ислом бисёр эътиқоди сахт дошт.”
Ба гуфтаи Қумриннисо Ҳафизова, ҳукумати Туркия ҳам ба онҳо иҷоза додааст, ки шавҳарашро дар ин кишвар гӯр кунанд ва қитъаи замине ҳам барои дафн дар яке аз гӯристонҳо ҷудо кардаанд. Ба гуфтаи Қумринисо Ҳафизова, хоҳари калонии Умаралӣ Қувватов барои иштирок дар маросими дафни бародараш ба Туркия омадааст.
Қаблан ҳамсари Қувватов дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» дар робита ба қахияи кушта шудани шавҳараш изҳор намуда буд, ки шавҳарашро дар пеши чашми фарзандони хурдсолаш куштаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста