Рӯзи 7 марти соли равон 1 ҳодисаи ғайриқонуни вайрон намудани хати сарҳад ба қайд гирифта шуд, ки аз тарафи сарҳадбонони тоҷик ва кормандони фаврии РКДАМ ҶТ пешгирӣ карда шуд.
Тавре аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон як гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур менамуданд, бо наряди сарҳадбонони тоҷик ва кормандони фаврӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Сарҳадбонон мувофиқи Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, вайронкунии сарҳадро пешгирӣ намуданд.
«Мутаасифона байни сарҳадбонони тоҷик ва вайронкунандагони сарҳад задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, сарҳадбонони тоҷик чусту чолокӣ ва муқовимат нишон доданд, ки дар натиҷаи он шахсони номаълуми қочоқбарони афғон тариқи ҷангалзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи соҳили Афғонистон баргаштанд», - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 нафар қочоқбарони тоҷик дастгир шуданд, ки яке Умаров Шӯҳрат Исоевич соли таваллуд 1983 миллат тоҷик, маълумот олӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор ва дуюмин Завқибеков Сайфидин соли таваллуд 1990, миллат тоҷик, маълумот миёна, муҷаррад, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор кӯчаи Н.Исҳоқӣ хонаи №2, ки дар вақти боздошт, ҳамроҳи худ бо 19 кг 400 гр героин, 7 кг 500 гр афюн доштанд, дарёфт ва мусодира карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста