Шаби гузашта ҳамаи қисмҳои низомии Вазорати мудофиа дар гарнизони Хатлон ва сарбозону афсарони эҳтиётӣ аз 25 ноҳияи ҷануби кишвар тибқи бонги хатар (тревога) даъват шуданд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар қаламрави вилояти Хатлон тамринҳои комплексии ҳайати фармондеҳӣ ва ситод оғоз гардиданд, ки дар он беш аз 30 ҳазор сарбозону афсарони артиши миллӣ ва эҳтиётӣ аз тамоми шаҳру навоҳии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои манбаъ, тамринҳо таҳти фармондеҳии вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-лейтенант Шералӣ Мирз то 14 март идома ёфта, ба он зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш, авиатсия ва техникаи автомобилии муассисаҳои зиёди давлатии вилоят сафарбар шудаанд.
«Дар машқҳои низомӣ омӯзиш ва иҷрои амалиёти марбут ба ташкили мудофиаи қаламрав, сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётӣ анҷом дода шуда, тибқи фарзия, гурӯҳҳои мусаллаҳи террористии байнулмилалӣ марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро убур мекунанд ва дар тамринҳо ҳолатҳои муҳосира ва аз байн бурдани ин гурӯҳҳои ба қаламрави кишвар воридшуда ба иҷро мерасад», - иброз дошт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста