Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ 3 сокини ноҳияи Ҳамадониии ҳаммарз бо Афғонистонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 18,5 кило маводи мухаддири афюнро мусодира намуданд.
Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки онҳоро бо маводи мухаддир барои фурӯши минбаъда шаҳрванди Афғонистон бо номи Сӯфӣ аз ин кишвар таъмин карда будааст.
«Яке аз боздоштшудагон бо Сӯфӣ дар зиндони Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамроҳ адои ҷазо намуда, дар он ҷо бо ҳамдигар шинос мешаванд ва пас аз ба озодӣ баромадан ҷиҳати «ҳамкорӣ» дар интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон ба мувофиқа мерасанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ба ин тиҷорати ҷинояткорона боз ду ҳамдиёрашро ҳам ҷалб мекунад, ки онҳо маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста