Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо имрӯз дар Душанбе дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро, ки рӯзи 11 март бо сафари чоррӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ дод, зимни мулоқот масоли густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви СААД дар муқовимат бо таҳдиду ситезаҷӯиҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими амният дар кишвар дар партави хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии низомӣ (НАТО) аз Афғонистон, вазъи марбут ба зуҳуроти терроризм дар кишварҳои минтақа, омода кардани кадрҳои афсарӣ барои артиши Тоҷикистон дар макотиби олии низомии кишварҳои узви СААД батафсил таҳлилу баррасӣ шуданд», - гуфт манбаъ.
Дар идома таъкид шуд, ки Ш.Мирзо ба дабири кулли СААД роҷеъ ба ҳадаф ва вазифаҳои тамринҳои бузургмиқёс бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар сарбозону афсарони артиши миллии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Хатлон ҷараён доранд, маълумоти муфассал дод.
Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои раёсати Тоҷикистон дар СААД давоми соли ҷорӣ, нақшаи чорабиниҳои Созмон, ки дар Душанбе доир мегарданд ва дигар масоили мавриди назари тарафайн низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста