Аз рӯи натиҷаҳои тамрини низомии бузургмиқёс бо иштироки беш аз 30 ҳазор нафар сарбозону афсарони Артиши миллӣ, ки аз 11 то 14 март дар гарнизони Хатлон доир гардид, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ба як зумра раисони шахру навоҳии вилоят рутбаҳои навбатии афсарони эҳтиётиро супурд.
Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки вазири мудофиа ҳамчунин чанде аз афсарону сарбозони фаъол дар ин размоишро низ қадрдонӣ намудааст.
«Тибқи нақшаи Ситоди кулли Вазорати мудофиаи ҶТ, давоми сол тамринҳои низомии ба ин монанд дар гарнизонҳои ҳарбии Хоруғ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ низ гузаронида мешаванд», - иброз дошт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки дар размоиши мазкур қисмҳои низомии гарнизони Хатлони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва афсарони эҳтиётӣ аз 26 шаҳру навоҳии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ иштирок карданд.
Акс аз радиои «Озодӣ»




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста