Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳамроҳии раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ба ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ташриф оварда, бинои шӯъбаи мазкурро пас аз таъмиру таҷдиди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни шиносоӣ аз ШВКД-1 дар шаҳри Исфара Вазири корҳои дохилӣ аз утоқҳои корӣ, қисми навбатдорӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, намо ва саҳни бино ва дигар шароитҳои маишӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати шаҳри Исфара ва соҳибкорони маҳаллӣ фароҳам оварда шудааст, дидан намуда, аз рафти сифати корҳои ободонию созандагӣ изҳори қанотмандӣ намуд.
Ҳангоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати дар корҳои ободонӣ саҳм гузоштани соҳибкорони махаллӣ ба онҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки чунин шароити мусоид ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки баҳри пеш бурдани фаъолияти хизматӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ фаъолона амал намоянд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ҳайати шахсии ШВКД-1 дар шаҳри Исфараро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои бар дӯш дошта, барору комёбиҳо таманно кард.
Зикр гардид, ки дар қаламрави кишвар имрӯзҳо садҳо иншоотҳои хизматию маъмурӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз ва ҷавобгӯ ба талаботҳои муосир мебошанд. Чунин имконот аз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ тақозо мекунад, ки хизмат ба халқу Ватанро содиқонаю софдилона ва дар рӯҳияи хештаншиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ адо намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста